Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ муайян карда шуд, ки Вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ Ҳакимов Р.З. аз 14 марти соли 2025 то инҷониб дар мансаби раиси Ҷамоати деҳоти Хоҷамуъмини ҳамин ноҳия кору фаъолият намуда, зимни фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ зад.

Чунончи, Ҳакимов Р.З. моҳи апрели соли 2025 зимни муроҷиати шаҳрванд Ҳ.Ҷ.С. оиди эҳтиёҷ доштани фарзандонаш ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ қасди тасарруфи молу мулки ғайр бо ёроҳи фиреб назди худ пеша намуда, дидаю дониста аз он, ки ваколат ё ҳуқуқи ҷудо ё вобаста кардани қитъаи замини наздиҳавлигиро надорад, бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз охирон маблағи 50000 сомониро талаб намуд.

Сипас, Ҳакимов Р.З. кирдори ҷиноятии худро идома дода, давоми моҳи апрел - майи соли 2025 аз шаҳрванд Ҳ.Ҷ.С. дар якчанд ҳолат ҷамъ маблағи 50000 сомониро гирифта, онро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд, ки бо ин кидори қасдонаи худ ба шаҳрванд Ҳ.Ҷ.С. зарари махсусан калони моддӣ расонид.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳакимов Р.З. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

Маркази матбуоти Агентӣ