Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидзода Ҷ.С. нишон дод, ки номбурда аз 25 ноябри соли 2024 то инҷониб дар вазифаи навбатдори калони оперативии шуъбаи назорати таҳлилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кору фаъолият намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ёрдамчии ҳамин шуъба Раҳмонзода А.У. дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти қаллобӣ заданд.
Чунончи, Саидзода Ҷ.С. ва Раҳмонзода А.У. қасди тасарруфи молу мулки ғайрро назди худ пеша намуда, моҳи июни соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Ч.Г.А. даромада, аз номбурда бо боҳонаи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати писараш Ч.Э.Х., ки дар истеҳсолоти муфаттишони РВКД дар вилояти Хатлон қарор дошт, маблағи 30 000 сомониро талаб намуда, дар якчанд ҳолат ин миқдор маблағро гирифтанд.
Саидзода Ҷ.С. ва Раҳмонзода А.У. баъди гирифтани маблағ ба манфиати шаҳрвандон Ч.Г.А. ва Ч.Э.Х. ягон амали муайянро иҷро накарданд, маблағи 30 000 сомониро байни худ тақсим карда, онро ба тасарруфи худ дароварданд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Саидзода Ҷ.С. ва Раҳмонзода А.У. бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ