Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Шарофов Б.С. дар вазифаи мутахассиси бахши банақшагирии даромади давлатии Раёсати молияи шаҳри Ҳисор кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ дар ҳолатҳои зерин даст ба ҷиноят зад.

Чунончӣ, Шарофов Б.С. дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ба боварии якчанд роҳбарони ташкилотҳои тиҷорӣ даромада, аз номбурдагон бо баҳонаи мусоидат намуданаш барои аз тарафи ин ташкилотҳо иҷро кардани фармоишҳои давлатӣ ба муассисаҳои буҷетии ҳудуди шаҳри Ҳисор давоми моҳҳои июн-сентябри соли 2024 дар якчанд маврид 166 990 сомониро гирифт. Баъди гирифтани маблағи зикршуда Шарофов Б.С. ба манфиати роҳбарони ташкилотҳо ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи 166 990 сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, тасарруф кард.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Шарофов Б.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 245 қисми 2 бандҳои «б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

Маркази матбуоти Агентӣ