Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Файзализода Ф.С. аз 14 марти соли 2025 то инҷониб дар вазифаи муовини комиссари ҳарбӣ - сардори шуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноятҳои қасдона зад. 


Чунончи, моҳи октябри соли 2025 шаҳрванд Р.Ф.Т. ба Файзализода Ф.С. ҷиҳати аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани фарзандаш - даъватшаванда Р.А.Ф. муроҷиат кард. Файзализода С.Ф. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба пешниҳоди шаҳрванд Р.Ф.Т. розӣ шуда, худи ҳамон рӯз аз номбурда маблағи 4000 доллари ИМА-ро гирифт.  


Ғайр аз ин, Файзализода Ф.С. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, давоми моҳи октябри соли 2025 барои мусоидат кардан ҷиҳати аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани даъватшаванда Ф.Н.З. аз падари охирон Р.Т. маблағи 6000 доллари ИМА-ро ба сифати пора талаб карда гирифт, ки дар натиҷа дар ҷойи ҳодиса аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир карда шуд. 
Оиди ҳолати мазкур нисбати Файзализода Ф.С. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 319 қисми 1 ва 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид. 

Маркази матбуоти Агентӣ