Бо гузаронидани тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки Сатторзода А. аз 21 феврали соли 2025 то инҷониб дар вазифаи афсар оид ба мудофиаи ҳудудии зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов кор карда, ҳамчун хизматчии ҳарбӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти қасдона зад.
Чунончи, Сатторзода А. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, моҳи сентябри соли 2025 бо сӯиистеъмол аз мақоми хизматии худ аз шаҳрванд Б.Ш.Т. барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъвати тирамоҳии даъватшаванда С.А.А. ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина нагузаронидани охирон аз комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ маблағи 15 000 сомонӣ талаб карда, худи ҳамон вақт онро дар бинои Комиссариат гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Сатторзода А. бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ