Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Абдуназаров Ю.Ҷ. дар вазифаи муҳосиби музди меҳнати Маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намуда, дар якҷоягӣ бо шарикони ҷиноятиаш бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ даст ба ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ задааст.
Чунончӣ, Абдуназаров Ю.Ҷ. ҳамчун шахси масъули моддӣ дар давраи аз моҳи июни соли 2024 то моҳи ноябри соли 2024 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо нозири шуъбаи кадрҳои маркази болозикр Қурбонова Ҳ.У. аз ҳисоби барзиёд пардохт намудани музди меҳнат ва пардохт кардани музди меҳнат ба номи нафарони воқеан кор намекарда маблағи умумии 109677.00 сомониро тасарруф намуда, ин маблағҳоро байни худ тақсим карда, бо ин кирдорҳои содирнамудаи худ ба давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонидаанд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдуназаров Ю.Ҷ. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а», 299 қисми 1 ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Қурбонова Ҳ.У. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а» ва 299 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаҳои ҷиноятии мазкур барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ