Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Боев С.Г. муайян намуд, ки номбурда дар вазифаи сармуҳосиби Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак кору фаъолият намуда, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабдориаш дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноятҳои қасдона зад.

Чунончи, Боев С.Г. қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, дар давраи фаъолияти кориаш давоми солҳои 2022-2025 давра ба давра дар асоси супоришномаҳои пулгузаронии таҳрифшуда ҷамъ маблағи 530 050 сомониро дар ҳисоботҳои муҳосиботӣ ҳамчун пардохтҳои иттифоқи касаба ва суғуртаи кормандони Муассиса нишон дода,  ин маблағҳоро ба ҷои суратҳисоби Иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби корти бонкии мудири анбори Муассиса - Ядгоров М.И. гузаронида, минбаъд бо мусоидати охирон ин маблағҳоро тавассути бакоматҳо нақдӣ карда, ба манфиати шахсиашон тасарруф намуданд.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Боев С.Г. ва Ядгоров М.И. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,  парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ