Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки Маҳсуддинов Ҷ.А. дар вазифаи директори ҶДММ «Билоли Ҷамил»-и ноҳияи Восеъ кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Суннатулои М.М. амал карда, моҳи декабри соли 2023 дар озмуни хариди давлатӣ вобаста ба таъмини молу маҳсулот ба КВД «Обу корези Душанбе» ширкат варзиданд, ки дар натиҷа ҷамъият бо пешниҳоди маблағи 2 267 109 сомонӣ ғолиби озмун эътироф карда шуд.
Зимнан, Маҳсуддинов Ҷ.А. қасди ба даст овардани молу мулки ғайрро назди худ пеша намуда, тибқи қарордоди баимзорасида ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи 1 635 000 сомонии ба суратҳисоби ҷамъият гузаштаро нақдӣ кунонида, аз ҳисоби он 14%-ро, яъне 228 900 сомониро ба худ гирифта, боқимонда маблағро ба шахсони масъули Корхона супорид.
Минбаъд Маҳсуддинов Ҷ.А. ва шарикони ҷиноятиаш бо мақсади ниҳон доштани амали ҷинояткоронаи худ борхатҳои хароҷотиро оиди гӯё дастрас намудани молу маҳсулот ба КВД «Обу корези Душанбе»-ро бо роҳи сохтакорӣ омода карда, ба Корхона пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Маҳсуддинов Ҷ.А. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ