Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Наимов Д.М. ва дигарон нишон дод, ки номбурда аз 25 октябри соли 2024 то инҷониб дар вазифаи ваколатдори оперативии шуъбаи оперативӣ - ҷустуҷўӣ дар назди раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноятҳои қасдона зад.

Чунончи, Наимов Д.М. қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар асоси маслиҳати пешакӣ бо якчанд шарикони ҷиноятпешаи худ амал карда, моҳи январи соли 2025 дидаву дониста аз он ки нисбати шаҳрвандон М.А. ва Ф.Р. дар истеҳсолоташ ягон маводи санҷишӣ вуҷуд надорад, номбурдагонро бо баҳонаи гўё машғул буданашон ба хариду фурўши маводи мухаддир дастгир намуда, аз хешовандони онҳо бо баҳонаи озод кардани шаҳрвандон М.А. ва Ф.Р. аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷамъ маблағи 305000 сомониро бо роҳи фиреб гирифта, онро ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуда, тасарруф карданд.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Наимов Д.М. ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 316 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, дар рафти тафтиши пешакӣ зарари ба ҷабрдидагон расонидашуда пурра барқарор гардида, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Нисбати айбдоршавандагон чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ гаштааст.

Маркази матбуоти Агентӣ