Санаҳои 7 то 10 апрели соли 2026 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2026 мусобиқаи варзишии «Тенниси рӯи миз» баргузор гардид.

Дар ин ҷода 11 апрели соли 2026 маросими ҷамъбастӣ ва қадрдонии ғолибони мусобиқа барпо шуд, ки чорабиниро муовини якуми директори Агентӣ Расулӣ Б. ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти ташкил ва баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ миёни кормандони мақомот суханронӣ намуданд.

Мусобиқа дар фазои тантанавӣ ва рақобати солим баргузор шуда, аз натиҷа он ғолибон аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки дар Агентӣ ҳамзамон бо иҷрои вазифаҳои асосӣ ба масъалаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонии кормандон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Маркази матбуоти Агентӣ