24 июни соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо иштироки ҳайати васеи кормандони раёсат бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст дар чорабинӣ сардори раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, генерал-майори адлия Аваззода Ш.Т. бо шукургузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоӣ, ки имрӯз дар Ватани аҷдодиамон ҳукмфармост ҳозиринро ба муносибати ҷашни бисту ҳаштумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод гуфта, ба Ватани азизамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар хонадони кишвар зиндагии хушу хуррам ва саодати рӯзгорро таманно намуданд.
Қайд гардид, ки садои Ваҳдати миллии тоҷикон сол аз сол дар курраи замин шуҳратёр гардида, сиёсати сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзишу таҳқиқи олимон қарор гирифтааст, ки ин бори дигар аз арзиши баланди фарҳангу тамаддуни мардуми сарбаланди тоҷик шаҳодат медиҳад.
Дар идомаи чорабинӣ намояндаи мақомот ва устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо маърузаҳои худ кормандонро табрику муборакбод намуда, доир ба рисолати таърихии ин санаи фархундапай ибрози андеша намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ