3 октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати шахсӣ ва дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ номзади илмҳои филологии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода - Усмонова Мунавара Холиқовна бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ дар мавзуъҳои «Рӯзи забон далели равшани сиёсати давлат дар самти гиромидошти забони миллӣ», «Забони милли тоҷикӣ-нишони ҳувияти миллӣ» ва «Нақши Пешвои миллат дар шинохт ва нигаҳдошти забони тоҷикӣ» ибрози андеша намуданд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз ин рӯйдоди бузурги таърихӣ анҷом ёфт.
Маркази матбуоти Агентӣ