Санаҳои 3-ум ва 4-уми апрели соли 2026 бо ташаббуси раёсатҳои маҳалливу минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кўлоб конфронс, вохӯрӣ ва семинари омўзиши ташкилу баргузор карда шуд, ки дар рафти он ҳайати васеи кормандони соҳаҳои гуногун, фаъолони ҷамъиятӣ ва сокинон ширкат варзиданд.
Дар чорабиниҳо кормандони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, вазъи ошкор ва баррасии қонуншиканиҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо, таъсири зуҳуроти коррупсия ба фаъолияти муътадили соҳаҳои гуногун, оқибатҳои даст задан ба ин кирдори номатлуб ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат мавриди мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ