22 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ ва ба толор ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, зимнан директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода С.С. бо суханони табрикотӣ баромад карда, ҳайати шахсии мақомотро ба муносибати ин рӯзи барои миллати тоҷик таърихӣ табрику муборакбод намуданд.
Ҳамзамон қайд намуданд, ки боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди кишварамон дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати саросарии миллӣ боз як рӯйдоди муҳимми таърихии давлатдориамон - «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо суруру шодмонӣ ва ғурури парчамдорӣ ҷашн гирифта истодаанд.
Воқеан Парчами давлатӣ на танҳо як рамзи расмӣ, балки ифодагари гузаштаи пурифтихор, имрӯзаи устувор ва ояндаи дурахшони миллати сарбаланди мо маҳсуб ёфта, барои бо камоли арзишмандӣ арҷ гузоштан ба он, шоиставу сазовор аст.
Дар ин матои муқаддас, Ватани ҳар яки мову Шумо, ҳастии миллат, рамзи озодӣ, соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлат маҳфуз аст, ки ҳамчун оинаи таърих ҳувияти миллӣ ва орзуҳои мардумро инъикос мекунад.
Дар идомаи чорабинӣ муовини якуми директори Агентӣ, генерал-майори адлия Расулӣ Б. ва дигар кормандони Агентӣ доир ба мақому манзалати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таърихи парчамдории миллати куҳанбунёди тоҷик бо баромадҳои пурмуҳтаво ибрози андеша намуданд.
Ғайр аз ин, бояд қайд намуд, ки бахшида ба ин ҷаҳни пуршукӯҳ дар тамому раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии мақомот ҷаласаҳои тантанавӣ доир карда шуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ