Санаи 22 марти соли 2026 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон ба ифтихори «Иди байналмилалии Наврӯз» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Бо мақсади риояи рукну суннатҳои ниёгон дар саҳни ҳавлии бинои мақомот аз тарафи кормандон дастархони идонаи Наврӯзӣ бо риояи тамоми унсурҳои миллӣ ороста шуд, ки он аз тарафи роҳбарияти мақомот бозбинӣ гардид.
Роҳбарияти мақомот ба дастархони оросташуда баҳои баланд дода, қайд намуданд, ки ҳафтсину ҳафтшин дар оростани дастархони Наврӯзӣ яке аз анъанаҳои муҳимм ба шумор рафта, бо худ таҷассумгари таърихи қадима ва фарҳанги ғании миллати тоҷик аст.
Дар идомаи чорабинӣ директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳозиринро ба муносибати «Иди байналмилалии Наврӯз» - ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.
Қайд гардид, ки Наврӯз ҳамчун маҳбубтарин, қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри мо зуҳур карда, дар сарнавишти миллат ва тамоми меросбарони он бо ибтикороти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифта, ба асолату воқеияти таърихии худ баргашт ва суннатҳои аҷдодии он барқарор гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ барои дар сатҳи дахлдор таҷлили намудани ин ҷашни пуршукӯҳ дар саҳни бинои дастгоҳи марказии мақомот барномаи фарҳангии идона бо иштироки сарояндагон ва санъаткорони ватанӣ намоиш дода шуд.
Қобили зикр аст, ки «Иди байналмилалии Наврӯз» ба ғайр аз дастгоҳи марказии мақомот инчунин дар тамоми раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии Агентӣ бо шукуҳу шаҳомати хосаи миллӣ таҷлил карда мешавад.
Маркази матбуоти Агентӣ