Сессияи сеюм ба мавзӯи «Пешгирии коррупсия бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ» бахшида шуда, зимнан доир ба он муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримӣ Р., муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бодуршозода М.А., раиси Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон - Азимӣ А. ва дотсенти кафедраи иқтисодиёти ташкилотҳо ва соҳибкории донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ - Зияева М.Д. баромад намуда, қайд карданд, ки технологияҳои рақамӣ омили инсонӣ ва бюрократиро коҳиш дода, шаффофиятро баланд мебардорад.
Сессияи чорум ба мавзӯи «Таҷрибаи байналмилалии муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат ва нақши созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт» равона гардида, аз ду зербахш иборат буд.
Тибқи барномаи Форум, дар зербахши якум намояндагони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои минтақа, аз қабили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус (тариқи маҷозӣ), Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон, Прокуратураи генералии Федератсияи Россия, Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар кори зербахши дуюми нишаст бошад, коршиносони байналмилалӣ ва масъулини Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе, Ташкилоти байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (тариқи маҷозӣ), Барномаи раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Донишкадаи Осиёи Миёнагии мутахассисони сертификатсияшуда оид ба комплаенс таҷрибаи миллӣ ва байналмилалиро муаррифӣ намуданд.
Сессияи панҷум ба муаррифии лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (марҳилаи дуюм, солҳои 2026-2030) бахшида шуда, дар рафти он лоиҳаи Нақша аз тарафи масъулини Агентї бо рӯнамо пешниҳод гардид ва иштирокчиён дар навбати худ ҷиҳати такмил додани лоиҳаи Нақшаи чорабиниии мазкур фикру андшаҳои худро баён карданд. Ин марҳила ба таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла тиҷорат, равона карда шуда буд.
Маркази матбуоти Агентӣ