Санаи 8 декабри соли 2025 дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни дохилимуассисавӣ таҳти унвони «Коррупсия - зуҳуроти номатлуб» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ шахсони масъули Агентӣ, роҳбарону омӯзгорони муассиса ва иштирокчиёни озмун аз рӯи номинатсияҳои «Расми беҳтарин» ва «Иншои беҳтарин» аз ҳисоби толибилмони Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов» ширкат варзиданд.
Нахуст, расмҳои кашидашуда ва иншои эҷоднамудаи иштирокчиён ба намоиш гузошта шуд, ки он аз тарафи ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ гардид.
Сипас дар шароити тантанавӣ маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни «Коррупсия - зуҳуроти номатлуб» сурат гирифт. Пас аз супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун, масъулини Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, иқдоми пешгирифтаи муассисаро ҷиҳати тарѓибу тарбияи зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазири нисбат ба коррупсия хуб арзёбӣ намуданд.
Маркази матуботи Агентӣ