25 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳияи Рашт конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи: «Таҳлили вазъ, омилҳо ва манбаъҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм дар партави Паёми Пешвои миллат» доир гардид, ки дар рафти он роҳбарон ва кормандони як қатор ниҳодҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли зиё, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва донишчӯён ширкат варзиданд.
Дар ҳошияи чорабинӣ иштирокчиён атрофи мавзӯҳо марбут ба муқовимат ба терроризму экстремизм, коррупсия, паҳншавии маводи мухаддир ва дигар гуна ҷинояткорӣ муколамаи судманд анҷом дода, зимнан ба самъи иштирокчиён нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 расонида шуд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва руҳияи илмӣ-мубоҳисавӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба ҳама гуна ҷинояткорӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонид.
Маркази матбуоти Агентӣ.