18 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар коҳиш додани сатҳи коррупсия» бо иштироки роҳбарон ва шахсони масъули муассисаву ташкилотҳои минтақаи Рашт баргузор гардид.

Чорабинӣ дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотии раёсати Агентӣ доир гардида, ҳадаф аз баргузории он баланд бардоштани сатҳи огоҳии иштирокчиён оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар раванди даъват ба хизмати ҳарбӣ арзёбӣ гардид.

Дар рафти чорабинӣ ба самъи иштирокчиён муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» расонида шуд.

Дар фарҷоми конференсия аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои коҳиш додани сатҳи коррупсия дар мамлакат дастаҷамъона талош варзанд, манфиатҳои халқу Ватанро ҳифз намоянд ва ба андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва тундравӣ роҳ надиҳанд.

Маркази матбуоти Агентӣ