Санаи 29-31 октябри соли 2025 ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори мақомот – Султонзода Сулаймон Саид дар ҷаласаи умумии солонаи аъзоёни Шабакаи байниидоравии Камден, ки дар шаҳри Гаагаи Шоҳигарии Нидерланд баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур аз тарафи Полиси Иттиҳоди Аврупо «Европол» ташкил карда шуда, дар кори он намояндагон аз 54 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои дунё ширкат варзинад.
Дар рафти баргузории чорабинӣ масъалаҳои марбут вобаста ба фаъолияти шабакаҳои байниидоравии баргардонидани дороиҳо, роҳҳои муосири мубориза бо пулшӯии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, механизмҳои баргардонидани дороиҳои ҷиноятӣ бо истифода аз имкониятҳои шабака, инчунин роҳҳои пешгирии дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қобили зикр аст, ки Агентӣ аъзои Шабакаи байниидоравӣ оид ба баргардонидани дороиҳо дар Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ буда, аз моҳи майи соли 2025 мақоми раисиро дар Шабакаи мазкур ба уҳда дорад.
Зимнан, дар рафти баргузории чорабинӣ аз тарафи директори Агентӣ Султонзода С.С. вобаста ба фаъолияти Шабака дар соли ҷорӣ, натиҷаҳои ноилгашта ва дурнамоии фаъолияти он барои соли оянда гузориш пешниҳод гардид.
Қайд гардид, ки фаъолияти шабака дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият ёфта, дар ин муддат вазифаҳои дар назди он вогузоршуда сари вақт ва пурра иҷро гардида, дар ин ҷода наҷиҳои дилхоҳ ба даст оварда шудаанд.
Маркази матбуоти Агентӣ