13 августи соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори мақомот - Султонзода Сулаймон Саид иштирок намуданд.

Инчунин, дар ҷаласа намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзида, вобаста ба мушкилоти мавҷудаи минтақа ва равишҳои умумӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи Шӯро мубодилаи афкор намуда, фаъолияти Шӯроро дар таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодии кишварҳои минтақа баланд арзёбӣ карданд.

Таъкид карда шуд, ки фаъолияти Шӯро мунтазам рушд намуда, он имкон медиҳад, ки содиршавии ҷиноятҳои иқтисодии трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ пешгирӣ карда шуда, нисбат ба онҳо чораҳои зарурии саривақтӣ роҳандозӣ карда шаванд.

Ҳамзамон, дар рафти кори ҷаласа аз ҷониби масъулини Агентии мониторинги молиявии Ҷумҳурии Қазоқистон низомҳои иттилоотӣ оид ба муқовимат ба ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодию молиявӣ ба иштирокчиён муаррифӣ карда шуд.   

Маркази матбуоти Агентӣ