Рӯзҳои аз 7 то 9 июли соли 2025 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ҷиҳати тақвият бахшидани робитаҳои байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи беҳтарин дар самти муқовимат ба коррупсия ҷаласаи пленарии Шабакаи зиддикоррупсионӣ барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд сурат гирифт, ки дар он ҳайати расмии мақомот таҳти рохбарии директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода С.С. ширкат варзиданд.
Чорабинӣ аз ҷониби Шабакаи болозикр ташкил карда шуда, дар доираи он ҷаласаи 24-уми мониторинги Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия ва ҷаласаи 30-уми Гурӯҳи роҳбарикунанда баргузор карда шуданд.
Зимнан, дар ҷаласаи мониторингӣ гузоришҳои минбаъдаи даври 5-уми мониторингии ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина, ки дар доираи Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия омода гардида буданд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар идомаи чорабинӣ, Гурӯҳи роҳбарикунанда иҷрои барномаи кории шабакаро барои солҳои 2023-2026 баррасӣ намуда, муҳокимаи самтҳои стратегии онро барои солҳои 2027-2030 оғоз намуданд. Гурӯҳи мазкур инчунин ҷаласаи муколамаи минтақавӣ оид ба масъалаҳои поквиҷдонӣ дар тиҷоратро доир намуданд, ки ба натиҷаҳои «Гузориши тамоюлҳои зиддифасоди минтақавӣ дар соҳаҳои сиёсати зиддифасод ва поквиҷдонӣ дар тиҷорат» асос ёфта, бо истифода аз нишондиҳандаҳои калидии минтақавӣ таҳия шуда буд.
Дар умум, чорабинӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки таҷрибаи андухта барои густариши ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия ва таъмини поквиҷдонӣ дар тиҷорат дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ