24 сентябри соли 2025 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии (молиявӣ) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини директори Агентӣ Камолзода Фирӯз Анваралӣ иштирок намуданд.

Инчунин, дар ҷаласа намояндагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзида, аз натиҷаи фаъолияти Шӯро дар самти таҳкими сулҳу субот ва амнияти иқтисодӣ барои давраи соли 2025 натиҷагирӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар солҳои охир фаъолияти Шӯро густариш ёфта истода, он дар таҳкими амнияти иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ нақши калидиро иҷро менамояд.

Илова ба ин, иштирокчиён дар доираи ҷаласа масъалаҳои мубрами мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ, ҷиноятҳои бо истифода аз дороиҳои рақамӣ содиршаванда, муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ки бо истифода аз интернет ва воситаҳои рақамии пардохт содир мешаванд, баррасӣ намуда, вобаста ба тарзу усулҳои ошкори ҷиноятҳо дар ин самт табодули афкор намуданд.

Дар охир, вобаста рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ ҳамкориҳо дар доираи Шӯро тақвият дода шаванд.

Маркази матбуоти Агентӣ