12 майи соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми VI зиддикоррупсионии Тошканд баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Чорабинии зикршуда аз тарафи Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуда, дар он роҳбарият ва шахсони масъули мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии соҳавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони чамъиятӣ иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории Форум ин табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои минтақа ба ҳисоб рафта, дар рафти он масъалаҳо роҷеъ ба тарғибот, омӯзиш ва ҳамкории муштарак дар самти муқовимат ба коррупсия, амалисозии чораҳои муосири зиддикоррупсионӣ, густариши амалияи самаранок дар ин самт ва дигар ҷанбаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ гузаронида шуда, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои мустаҳкам гардонидани робитаи мақомот, муаррифии дастовардҳои зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва омӯзиши амалияи соҳавӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонид.

Маркази матбуоти Агентӣ