Санаи 15-19 декабри соли 2025 дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар Ҷаласаи 11-уми Конференсияи давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори мақомот Султонзода Сулаймон Саид ширкат варзиданд.
Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур дар ду сол як маротиба гузаронида шуда, дар рафти он намоядагони баландпоя аз мақомоти зиддикоррупсионии зиёда аз 160 давлати дунё, созмонҳои пурнуфузи байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намоядагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар рафти баргузории кори конференсия масъалаҳои татбиқи Конвенсия ба қонунгузории давлатҳои аъзо, раванди худбаҳодиҳӣ доир ба даври дуюми татбиқи он, мушкилотҳои ҷойдошта ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бо мақсади муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар рафти кори конференсия баромади директори Агентӣ – Султонзода С.С. шунида шуд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва солҳои охир барои паст намудани шиддати ин зуҳурот чораҳои зиёди муосири зиддикоррупсионӣ андешида шудаанд.
Ҳамзамон, дар доираи кори конференсия аз тарафи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ сессияи алоҳида бахшида ба фаъолияти мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар рафти он намояндагони мақомот ширкат варзида, вобаста ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чораҳои андешидашуда дар ин самт ибрози андеша намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷаласаи 11-уми Конференсияи давлатҳои аъзои Конвенсияи СММ зидди коррупсия аз тарафи мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ қатънома таҳти унвони «Мустаҳкам гардонидани тадбирҳои минтақавии зиддикоррупсионӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ» пешниҳод карда шуд, ки он аз тарафи давлатҳои аъзои Конференсия қабул гардид.
Қабули қатъномаи мазкур имконият фароҳам меоварад, ки талошҳои давлатҳои минатақаи Осиёи Марказӣ дар мубориза бо коррупсия ва паст кардани шиддати ин зуҳурот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, барои густариши ҳамкории онҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ ҳайати Агентӣ бо як қатор намояндагони мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вохӯриҳои дуҷониба анҷом доданд, ки натиҷаҳои он барои беҳтар намудани ҳамкории мақомот дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоаварад.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ ташкил ва баргузор гашта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои мустаҳкам гардонидани робитаи мақомот, муаррифии дастовардҳои зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаву донишҳои муосири соҳавӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонид.
Маркази матбуоти Агентӣ