20 майи соли 2026 роҳбарият ва ҳайати васеи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик ва таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар тамошои дастаҷамъонаи экспозитсияи Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» иштирок намуданд.

Зимни баргузории чорабинӣ иштирокчиён бо саҳифаҳои пурифтихори таърихи давлатдории миллӣ, мероси гаронбаҳои моддиву маънавии ниёгон, бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва шоҳкориҳои санъати тасвирии халқи тоҷик аз наздик шинос гардиданд.

Инчунин, дар ҷараёни намоиш ба иштирокчиён оиди арзиши таърихиву фарҳангии экспонатҳои осорхона, нақши онҳо дар ташаккули тамаддуни миллӣ ва саҳми миллати тоҷик дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар маҷмӯъ, кормандон аз тамошои осор ва мероси таърихии миллат таассуроти амиқ бардошта, баргузории ин гуна чорабиниҳо барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандони мақомот таъсири масбат мерасонад.  

 

Маркази матбуоти Агентӣ