13 августи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар бинои театри мусиқи мазҳакавии ба номи “Ато Муҳаммадҷонов”-и шаҳри Бохтар тамошои намоиши театрии «Бозгашт» баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки муҳтавои намоишнома ҳодисаву таҳаввулоти дар ҳаёти воқеии одамон ба вуҷуд омадаро дар бар гирифта, хусусиятҳои мазҳакавӣ ва тарбиявӣ дорад.

Ҳунармандон дар офаридани нақшҳо маҳорати баланди касбӣ нишон дода, қаҳрамонҳои хешро чун дар ҳаёти воқеӣ инъикос намуданд. Дастаҷамъона ба театр рафтан иқдоми наҷиб буда, барои баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ, фарҳанг дӯстӣ ва фароҳам овардани фазои ваҳдату ягонагӣ нақши муассир мегузорад.

Маркази матбуоти Агентӣ