Санаи 2 - 4 декабри соли 2025 ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини директори мақомот - Камолзода Фируз Анваралӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ, ки дар шаҳри Ню - Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Конфронс аз тарафи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди СММ ва Академияи байналмилалии зиддикоррупсионӣ ташкил гардида, ҳадафи он бо ҳам овардани коршиносон ва намояндагони давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати табодули донишу таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва беҳтар намудани механизми ченаки дарки коррупсия ба ҳисоб меравад.

Чорабинӣ барои таҳким бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва муайян намудани чораҳои муосири мубориза бар зидди коррупсия равона гардида, дар рафти он намояндагони зиёда аз 100 кишварҳои дунё иштирок намуданд.

Зимнан, дар рафти баргузории чорабинӣ муовини директори Агентӣ - Камолзода Ф.А. бо маърӯза вобаста ба таҷрибаи кишвар дар ин самт баромад карда, ҳозиринро бо натҷаҳои ноилгаштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия шинос намуданд.

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ гузаронида шуда, бо итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои мустаҳкам кардани робитаҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани фаъолияти мақомот заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ