Рӯзҳои 4-5 декабри соли 2025 дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия бо дастгирии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Иҷлосияи муҷаддади 68-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷаласаи 37-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҷиноят ва адлияи ҷиноӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадафи чорабиниҳои мазкур ба ҳалли масоили амалии фаъолияти Комиссияҳои болозикр, аз ҷумла баррасӣ ва тасдиқи тақсимоти буҷа, тартиботи маъмурӣ ва афзалиятҳои барномавӣ барои ташаббусҳои назорати маводҳои мухаддири Созмони Милали Муттаҳид, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини идоракунии самараноки захираҳо ва мувофиқат бо ҳадафҳои васеътари СММ равона гардидаанд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он ба омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар ин самт, таҳкими тадбирҳои муштараки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сатҳи минтақавӣ ва мустаҳкам кардани ҳамкориҳо дар ин самт таъсири мусбат хоҳад расонд.
Маркази матбуоти Агентӣ