Моҳи июли соли 2025 аз ҷониби кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузор намудани амалиёти ҷумҳуриявии “Кўкнор – 2025” чорабинии таблиғотӣ дар маркази шаҳри Бохтар бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ бо мақсади муқовимат ба нашъамандӣ аз тарафи масъулини мақомот ба сокинони шаҳри Бохтар буклетҳои таблиғотӣ дар мавзӯи «Зиндагӣ бе маводи мухаддир ҳам ширин аст» тақсим карда шуда, дар як вақт бо шаҳрвандон суҳбатҳо вобаста ба оқибатҳои ногуворӣ нашъамандӣ гузаронида шуд.

Қайд гардид, ки нашъамандӣ ва паҳн гардидани маводи мухаддир дар ҷомеаи имрӯзаи башарӣ яке аз мушкилиҳои глобалӣ ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки саривақтии оқибатҳои ногувори ин вабои аср барои мубориза бо ин падидаи манфур тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.

Зимнан, аз сокинон таклиф ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати мубориза бурдан бар зидди ин зуҳуроти номатлуб тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, баҳри ободии Ватани азизамон ва солимии насли оянда дар ин масоил бо мақомоти қудратии кишвар ҳамкорӣ намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ