Дар робита ба иқдомҳои бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт санаи 3 апрели соли ҷорӣ баҳри солимгардонии муҳити зист, тозаву озода кардани гирду атрофи бинои маъмурии раёсат, корҳои ободонӣ, тозакорӣ, шаклдиҳӣ ва батартибдарории дарахту ниҳолҳои ороиши инчунин партовҳо, алафҳои худрӯй ва решакан намудани растаниҳои бегона маъракаи ниҳолшинонӣ доир карда шуд.
Чорабинӣ бо мақсади таъмини иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ вобаста ба «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» баргузор гардида, дар рафти он ниҳолҳои гуногуни сояафкан ва арчаҳои ҳамешасабз бо тавсияи мутахассисони соҳавӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд, ки иқдоми мазкур барои боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани як гӯшаи кишварамон асос гузошт.
Маркази матбуоти Агентӣ