Бо мақсади татбиқи Нақшаи амали солҳои 2025-2027 «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» санаи 1 марти соли 2026 бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ дар мавзеи Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифт.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва як қатор кормандони мақомот фаъолона ширкат варзида, дар рафти он 7500 адад ниҳолҳои гуногун бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуданд.

Ҷиҳати рушду нумӯи ниҳолҳо ва сарфаи об аз тарафи мутахассисони соҳавӣ дар мавзеи интихобшуда қубурҳои обнигоҳдории ҳаҷмашон калон васл карда шудаанд, ки онњо имконияти бо усули қатрагӣ обёрӣ кардани ниҳолҳоро фароҳам овардаанд. Ғайр аз ин, барои ҳифзи ниҳолҳо дар дахолати беруна тамоми ҳудуди мавзеи ниҳолшинонӣ бо симхорҳо иҳота карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2025 аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» зиёда аз 20000 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуда, иқдоми мазкур бо мақсади боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон амалӣ шуда истодааст.

Маркази матбуоти Агентӣ