22 майи соли 2026 бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва доираи васеи ҳайати шахсии мақомот ширкат варзиданд.

Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи масъулини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият ва муҳтавои Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026-2030 фаҳмонида дода шуда, вобаста ба хатари густариши ин зуҳурот барои ҷомеа ва вусъат бахшидани фаъолият дар ин самт таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ироа карда шуданд.  

Қайд гардид, ки экстремизм ва терроризм ба як вабои аср табдил ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори ҷомеаи ҷаҳони алаҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои қатъӣ андешида истодааст. Зимнан, ба тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифатро зарур аст, ки аз оқибатҳои нангини ин зуҳурот бохабар буда, бар зидди ин хатар муқовимати дастаҷамъона нишон диҳанд.

Маркази матбуоти Агентӣ