12–13 ноябри соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Конфронси дуюми солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми директор, генерал-майори адлия Барот Расулӣ иштирок намуд.

Дар конфронс роҳбарон ва коршиносони мақомоти зиддикоррупсионӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ диққати асосӣ ба самтҳои калидии татбиқи Конвенсия равона гардид, аз ҷумла баргардонидани дороиҳо, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, ҳифзи хабардиҳандагон, рақамикунонӣ, пешгирии сӯиистифода бо истифода аз крипто-активҳо.

Диққати махсус ба омода намудани мавқеи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пешниҳоди лоиҳаи қатъномаи минтақавӣ дар Ҷаласаи 11-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки моҳи декабри соли 2025 дар шаҳри Даҳваи Давлати Қатар баргузор мегардад, дода шуд.

Дар анҷоми ҷаласа бо назардошти вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва барои минбаъд мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар доираи Конвенсия ҷиҳати пурзӯр кардани мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ байни мақомоти марбутаи кишварҳои Осиёи Марказӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ