7 марти соли 2026 дар маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

Чорабиниро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, модарону бонувони мақомотро бо ин ҷашни бошукӯҳ табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу субот, файзу баракат ва бурдборӣ дар фаъолияти минбаъдаашон таманно доштанд.

 Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати таъмини фазои мусоид барои иштироки занон дар идоракунии ҷамъиятӣ ва давлатӣ шароити ҳамаҷониба фароҳам овардааст.

Занону модарони тоҷик тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши ойинҳои неки гузаштагон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва чун боғбони насли одамӣ онҳоро парвариш менамоянд. Ин аст, ки занону бонувон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому мартабаи худро дошта, ба онҳо ҳамчун олиҳаи ҳусни зиндагӣ эҳтироми хоса ба ҷо оварда мешавад.

Дар доираи чорабинӣ инчунин баромади як қатор кормандони дигари мақомот вобаста ба нақши зан-модар дар ташаккули ҷомеаи башарӣ ва тарбияи насли наврас шунида шуда, аз тарафи онҳо таманниётҳои нек ба тамоми бонувон ироа карда шуд. Ғайр аз ин, дар доираи ҷаласаи тантанавӣ барои хизмати софдилона ва гузоштани саҳми арзанда дар густариши фаъолияти Агентӣ занону бонувони мақомот аз тарафи роҳбарият бо туҳфаҳои рамзӣ мукофотонида шуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ барои дар сатҳи дахлдор таҷлил намудани Рӯзи Модарон барои бонувони мақомот барномаи фарҳангии ҷолиби диққат ташкил ва гузаронида шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ