4-5 ноябри соли 2025 бо мақсади дар сатҳи дахлдор таҷлил намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи раёсату шуъбаҳои маҳаллию минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисҳои тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабиниҳо роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсату шуъбаҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ ширкат варзида, дар рафти он аз тарафи иштирокчиён вобаста ба аҳмияти қабули ин санади тақдирсоз, нақши он дар ташаккули давлати соҳибистиқлоли миллати тоҷик ва дигар мавзӯҳои мухталиф баромадҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

Қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллат, сутуни устувори давлатдорӣ ва ҳуҷҷати тақдирсози мардуми Тоҷикистон буда, он бо иродаи қавии халқ ва бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, пояи ҳуқуқӣ ва сиёсии давлати ҷавони тоҷиконро устувор сохт. Маҳз бо қабули Конститутсия халқи тоҷик тавонист сарнавишти худро ба дасти худ бигирад, истиқлолияти сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намуда, барои сохтани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ заминаи устувор гузорад.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар руҳияи ватандӯстӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва савияи донишу фарҳанги ҳуқуқии кормандон таъсири мусбии худро мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ