4 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 31-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Нахуст чорабиниро муовини якуми директори Агентӣ, генерал-майори адлия – Расулӣ Барот ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати таҷлили 31-юмин солгарди санаи қабули ҳуҷҷати сарнавиштсози миллати куҳанбунёди тоҷик - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, доир ба моҳияти қонуни асосӣ дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, нақши он дар танзими муносибатҳои иҷтимоию маънавии ҷомеа, эътирофу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсону шаҳрванд дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ ибрози андеша намуданд.

Қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо назардошти таклифу дархостҳои аҳолӣ, фикру мулоҳизоти мутахассисону донишмандони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ва қабл аз ҳама, бо дастуру тавсияҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо риояи меъёрҳои демократӣ қабул гардид ва ба сифати дастури раҳнамунсоз шоҳроҳи миллати моро ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав муайян сохт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои мардумсолорӣ, эътирофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, риояи тавозуни олии таҷзияи рукнҳои давлат аз ҷониби мутахассисони байналмиллалӣ ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ки он мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ баромади муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо оид ба илм ва таълими Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад дар мавзӯи «Тарбияи ватандӯстӣ – унсури муҳими устувор нигоҳ доштани амнияти давлат» шунида шуд.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди меҳанпарварӣ сурат гирифт.

Маркази матбуоти Агентӣ