Санаи 25 июни соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон бо иштироки кормандони шуъба бахшида 28-умин солгарди таҷлили «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии доиргардида бо сухани ифтитоҳии сардори шуъба, полковники адлия Акмалзода Н.Н. ифтитоҳ гардида, қайд карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун сиёсати сулҳофариниши миллӣ рушду тараққии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ таъмин намуда, барои устувор гардидани низоми сиёсӣ дар кишвар мусоидат намуд ва истиқлолияти давлатиро таҳким бахшид. Таъкид гардид, ки ин дастоварди бузурги миллӣ маҳз бо шарофати хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрўз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба мақому мартабаи хосса ноил гардидааст.

Маркази матбуоти Агентӣ