16 апрели соли 2026 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни Шӯро аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳо, Кумитаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодиҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ширакат варзиданд.

Нахуст кори ҷаласаро Раиси Шӯро ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба фаъолияти Шӯро дар соли 2025 ва Нақшаи кори он барои соли 2026 маълумот пешниҳод намуданд. Қайд гардид, ки самаранокии муқовимат ба коррупсия аз фаъолияти дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар заминаи он механизмҳои воқеии назорат, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар ҳама сатҳҳо таъмин мегардад, вобастагии амиқ дорад.

Маҳз ба ҳамин хотир Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия ва дар заминаи он Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳия таъсис дода шудааст, ки вазифаи асосии он ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии муқовимат ба коррупсия ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ҳамзамон дар рафти кори ҷаласа натиҷаи мониторинги маҷмӯии ҷараёни иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи панҷсолаи аввал (солҳои 2021-2025) ва фаъолияти Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия, инчунин масъалаи истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуда, дар ин хусус ҳисоботи роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия шунида шуданд. 

Ба аъзоёни Шӯро ва роҳбарони тамоми ниҳодҳои давлатӣ дастур дода шуд, ки дар раванди татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ бетарафӣ зоҳир накарда, барои аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат ва баланд бардоштани мавқеи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Нақшаи кори Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия барои соли 2026 тасдиқ гардида, бо дарназардошти масъалаҳои матраҳшуда ва пешниҳодҳои аъзоёни Шӯро қарори ҷаласа қабул карда шуд.

Дар маҷмӯъ, ҷаласаи Шӯро дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои ҷалби таваҷҷуҳи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия, инчунин амалисозии чораҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ