Санаи 8 декабри соли 2025 бо ташаббуси воҳидҳои маҳаллӣ ва минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» дар ҳудуди шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Панҷакент конфронсу вохӯриҳо ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар рафти он ҳайати васеи кормандони соҳаҳои гуногун, фаъолони ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон минтақаҳои номбурда ширкат варзиданд.
Дар чорабиниҳои баргузоргардида маърӯзачиён оид ба таърихи пайдоиши коррупсия, қабули Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, муҳиммияти муқовимати дастаҷамъона бо ин падидаи номатлуб ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии сокинони кишвар ибрози андеша намуданд.
Мақсади асосии гузаронидани чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Зикр бояд намуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия пурра ташкил гардида, ба мо зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар ин самт саҳми худро гузорем.
Чорабиниҳо вобаста ба таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, умед аст, ки натиҷаҳои онҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таъсири худро мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ