Моҳи июли соли ҷорӣ бо мақсади ҷалби ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия бо ташаббуси кормадони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ чорабиниҳои таблиғотӣ баргузор карда шуд, ки дар рафти он масъулин ва кормандони ниҳодҳои болозикр, инчунин сокинони шаҳри Хоруғ ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур ин ҷалби ҷомеа бахусус хизматчиёни давлатӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия, риоя ва татбиқи қонунгузории зиддикоррупсионии кишвар, даст назадан ба кирдорҳои ғайриқонунӣ, худдорӣ аз иштирок дар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ арзёбӣ гашта, дар рафти он иштирокчиён атрофи масоили баррасишаванда фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд.

Бахусус қайд гардид, ки коррупсия яке аз мушкилиҳои замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи имрӯзаро зарур аст, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза бурда, барои паст кардани сатҳи шиддати ин зуҳурот саҳмгузор бошанд.

Маркази матбуоти Агентӣ