Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкории судманд бо намояндагони бахши хусусӣ, инчунин дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ санаи 12 декабри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» ташкил ва баргузор намуд.

Ҳадаф аз баргузории форум ин пеш аз ҳама ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия дар бахши хусусӣ, нақши он дар мубориза бо ин падидаи манфӣ, баррасии масъалаҳои муҳими соҳа, муайян кардани роҳҳои муосири идоракунии корпоративӣ, таъмини шаффофият ва поктинатӣ дар тиҷорат, инчунин табодули таҷрибаҳои пешқадам дар ин самтҳо арзёбӣ мегардад.

Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи ҳисоб ва Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ғайр аз ин, дар кори Форум роҳбарият ва намояндагони дигар вазорату идораҳои блоки иқтисодӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, доираи васеи тоҷирон, намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, инчунин меҳмонони аз мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Қирғизистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия ва Ўзбекистон даъватшуда ширкат варзиданд.

Форум аз 5 бахш иборат буда, дар рафти он иштирокчиён оид ба масъалаҳои матраҳшаванда, аз ҷумла сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар таъмини амнияти иқтисодӣ, поквиҷдонӣ ва идоракунии корпоративӣ дар тиҷорат, муқовимат ба коррупсия бо истифода аз технологияҳои рақамиву имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт маърўза намуданд.

Рафти кори чорабинӣ ба таври муосир роҳандозӣ карда шуда, дар он ба ғайр аз иштирокчиёни ҳузурдошта, инчунин соҳибкорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо ва коршиносони байналмилалии аршадии зиёда аз 40 давлати дунё тариқи маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.

Баргузории форуми мазкур имконият фароҳам овард, ки байни намояндагони бахши хусусӣ, сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва меҳмонони хориҷӣ атрофи масоили муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат, роҳҳои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта ва дигар масъалаҳои мубрам мубодилаи афкор сурат гирад.

Ҳамзамон, дар доираи форум лоиҳаи Кодекси идоракунии корпоративӣ ва Нақша чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) муаррифӣ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки санадҳои меъёрии болозик барои тақвият бахшидани раванди муқовимат ба коррупсия, аз ҷумла дар бахши хусусӣ тавассути ҷорӣ намудани механизми идоракунии корпоративӣ, бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ мусоидат намуда, дар маҷмўъ ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия дар соҳаҳои мухталиф таъсири мусбат хоҳад расонид.

Ҳамин тавр, бо натиҷаи кори Форум ва тавсияву пешниҳодҳои аз ҷониби иштирокичён ироашуда ҳамчун санади тавсиявӣ - Баёния (Statement) таҳия гардида, он баъди мувофиқа бо иштирокчиён расонаӣ карда шуд.

Дар маҷмўъ, чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гашта, натиҷаҳои он ҷиҳати дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти Агентӣ