Рўзҳои 31 июл ва 1 августи соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии муқовимат ба коррупсия ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинарҳои мазкур дар доираи нақша чорабиниҳои амалисозии санадҳои ҳамкории байналмилалӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил ва баргузор карда шуда, дар рафти он кормандони Агентӣ вобаста ба сохтор ва функсияҳои мақомот, сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ошкор ва тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодӣ, инчунин тартиби гузаронидани санҷишу тафтишҳои молиявӣ дар кишвар маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки мақсади баргузории чунин чорабинӣ ин пеш аз ҳама тақвият бахшидани ҳамкории судманд байни ниҳодҳои зиддикоррупсионии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, мубодилаи дониш ва таҷрибаҳои пешқадам арзёбӣ мегардад.

Дар маҷмӯъ семинарҳои омӯзишӣ дар сатҳи баланд ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар фарҷоми он байни иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирифта, дар ин ҷода тарафи масъулини Агентӣ ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ