4 июни соли 2026 дар доираи Нақша чорабиниҳои муштарак роҷеъ ба амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2025-2026 мизи мудаввари маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид, ки дар рафти он масъулин аз ҳарду ниҳод ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабинӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳурот дар ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар доираи он тарафҳо вобаста ба масъалаи баррасишаванда ва роҳу усулҳои муосири паст кардани шиддати коррупсия дар кишварҳои худ мулоҳизаҳои худро ироа намуданд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ масъалаи густариши ҳамкорӣ байни ниҳодҳо дар самти амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ, расонидани ёрии амалӣ вобаста ба маводҳои санҷишӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар самтҳои равобити дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки дар марҳилаи кунунӣ муносибатҳои дуҷониба байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистону Беларус дар сатҳи баланд қарор дошта, ҷонибҳо минбаъд низ баҳри тақвият бахшидани он тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Маркази матбуоти Агентӣ