11 апрели соли 2026 бо иштироки роҳбарият ва кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва дар пайравӣ аз сиёсати ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маъракаи ниҳолшинониро дар сатҳи баланд барпо намуданд.
Чорабинӣ бо як ҳисси баланди ватандустӣ ва ҳувияти миллӣ гузаронида шуда, дар рафти он дар умум 300 адад бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда ва ороишӣ бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ