24 сентябри соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори маҷлистгоҳи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: «Нақши ҷавонон ва муассисаҳои таълимӣ дар муқовимат ба коррупсия» баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро ректори Донишкада д.и.т., профессор - Саидзода М.М. оғоз намуда, зикр намуд, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мутафакирон ва бузургони ҷаҳонӣ, коррупсияро ҳамчун яке аз хатарноктарин падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ маҳкум кардаанд.
Дар идома намояндагони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, оид ба роҳҳои мубориза алайҳи зуҳуроти коррупсия дар соҳаи маориф ва илм, тадбирҳои зиддикоррупсионӣ байни кормандони соҳа, оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии ин зуҳурот баромад намуда, зимнан ба иштирокчиён вобаста талаботи қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ маълумоти муфассал манзур карда шуд.
Дар маҷмуъ чорабинӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба боварӣ метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба коррупсия ва баланд бардоштани савияи донишу фарҳанги ҳуқуқӣ мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ