31 июли соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ноҳияи Сино дар мавзӯи «Муқовимат бо коррупсия кафили рушди соҳаи маориф» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Чорабиниро роҳбарияти сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оғоз намуда, доир ба сабаб ва шароитҳои зуҳурёбии коррупсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карданд.    

Иштирокчиёни дигар низ дар мавзӯъҳои «Шарҳу тавзеҳи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Моҳият ва таъиноти Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маърӯза ироа намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар маҷмӯъ иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоидро фароҳам оварда, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати  коррупсия мусоидат менамояд.

Дар интиҳо иштирокчиён дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои баррасишавандаро зери музокира қарор доданд.

Маркази матбуоти Агентӣ