Санаи 13 августи соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи: «Муқовимат ба коррупсия - кафили рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори чорабинӣ роҳбарияти шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор иштирок ва оиди масъалаҳои мухталифи ҳуқуқӣ суханронӣ намуданд.
Дар рафти конференсия иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои «Муқовимат ба коррупсия - кафили рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ», «Пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои тандурустӣ - омили рушди соҳа», «Муқовимат ба коррупсия - амали дастаҷамъона», «Пешгирии омилҳои коррупсионӣ - асоси солимии ҷомеа» ва «Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа» баромадҳои пурмуҳтаво ироа намуда, дар ин ҷода байни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ