8 декабри соли 2025 бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт дар толори маҷлистгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар мавзӯи: «Дастовардҳои миллӣ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар рафти баргузории кори конференсия қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо коррупсия қадамҳои устувор гузошта, барои пешгирии он тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Дар рафти чорабинӣ инчунин аз тарафи иштирокчиён вобаста ба зуҳори коррупсия ва оқибатҳои ногувори он, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза ба ин падида, қонунгузории миллӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар мавзӯҳои мубрам ибрози андеш карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки 9 декабри соли 2003 Конвенсияии Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия қабул карда шуда, ин рӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия эътироф гардидааст.
Маркази матбуоти Агентӣ