Ҳеҷ як давлат бидуни қувваҳои мусаллаҳ ё ба истилоҳи таърихи ниёгон, «Лашкари тавоно» вуҷуд дошта наметавонад. Ин аст, ки давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталиф ва ё лашкари тавоно созмон медоданд. Агар мо ба замони Иттиҳоди Шӯравӣ назар намоем - 23 феврал ҳамчун рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба зиммаи фарзандони бонангу номусаш вогузор гардид. Аз ин лиҳоз, артиши миллӣ ва сохторҳои низомии кишвар таъсис ёфта, 23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни «Фронти халқии Тоҷикистон», ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Ҳукумати Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии шаҳри Душанбе паради низомӣ баргузор гардид.
Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол сипарӣ мегардад, ки он зодаи Истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси артиши иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардад.
Аз рӯзҳои аввали таъсиси артиши миллӣ афсарони мо дар сангарҳо ҷангиданд, танзимгари сохтори ташкилию штатии худ машғул шуданд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.
Мақсади асосии давраи аввали таъсиси Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлол, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад бригада ва баталионҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.
Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои сарҳадӣ, десантура ва ғайра фаъолият менамоянд. Дар мудати 33 сол Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки кадрҳои баландихтисосро дар дохил ва хориҷи кишвар омода намоянд. Дар ин ҷабҳа, саҳми Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад.
Зикр бояд кард, ки имрӯз Тоҷикистон аз зумраи кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу номус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Имрӯз бо боварии том гуфта метавонем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо ақлу заковат ва хиради азалии худ ҳамеша сулҳу амониро тараннум хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки таҳдидҳои нави муосир фазои ороми сайёраи инсониро нороҳат сохта, бештар ба пайдоишу рушди равияҳои номатлуби терроризм ва экстремизми ҷомеаи ҷаҳонӣ замина мегузоранд ва ба зеҳну тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, тибқи талаботи муосири ҷомеаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани суботи дохилию хориҷии хеш ба ҳамкории ҳарбӣ - сиёсӣ муқобили ин зуҳуротҳои номатлуб равона буда, баҳри мустаҳкам ва дар амал татбиқ намудан чунин ҳамкориҳо чораҳои мудофиавӣ меандешад. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкамшавии асосҳои ҳуқуқии сиёсати ҳарбии хеш вобаста ба пешгирию аз байнбарии чунин таҳдидҳо як қатор санаду қарорҳои дигари заруриро аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва ғайраҳоро таҳия ва қабул намудааст. Маҳз чунин меъёрҳои ҳуқуқӣ аз сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд, ки баҳри ҳифзу мудофиа ва якпорчагии марзи давлат якдилона амал намояд.
Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми навбатии худ 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Вазъи сиёсии тағйирёбандаи сайёра ва минтақа омодабошии ҳарбӣ ва тайёрии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро тақозо менамояд. Хизматчиёни ҳарбиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд». Яъне, вазъи номусоид аз Тоҷикистони соҳибистиқлол нерумандии сиёсати ҳарбӣ ва дар ин замина тайёр намудани таълими касбии ҳарбиро талаб менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати навбунёд аст ва дар байни давлатҳои абарқудрат бояд аз манфиатҳои геополитикии хеш фидо карда тавонад. Бинобар ин ҷавонон, ки ояндаи давлатамон мебошанд, бояд ҳамеша тайёр ва омода бошанд, ки ҳар лаҳза манфиатҳои миллату давлатро дифоъ карда тавонанд. Барои ба ин ҳадафҳо ноил гаштан моро лозим меояд, ки ҷавононро ҳанӯз аз синни томактабӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори баланди миллӣ тарбия намоем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи афсарону сарбозони Артиши миллии Тоҷикистони азизу маҳбубро бо ҷашни мардонагиву шуҷоат муборакбод менамоем. Таманнои онро дорем, ки ҳамаи Шумо тансиҳату хонаобод ва сарбаланду саодатманд бимонед.
Ид муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!